Семинари омӯзишӣ барои кормандони хадамоти кадрии милитсия дар қисми минтақавии Раёсати ВКД оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб
Бо ташаббуси гурӯҳи кории Раёсати кадр ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҷиҳати омӯзиш ва тавзеҳи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб барои кормандони воҳидҳои кадрӣ семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар муовини сардори Раёсати кадр ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Каримзода Эраҷ Ҳотам ва кормандони ботаҷрибаи соҳаи кадрии Вазорат иштирок намуда, бо маърӯзаҳои таълимӣ, дастуриву методӣ ва тавзеҳоти соҳавӣ баромад карданд.
Иштирокчиён бо заминаҳои ҳуқуқӣ ва доираи амали Низомнома, тағйироту иловаҳои воридгардида ва дигар талаботи нав шинос шуданд. Аз ҷумла, тартиби қабул ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандон, талабот ба вазифаҳои хизматӣ, гузаштан ба дигар вазифа, қарор доштан дар ихтиёри кадрҳо, тартиби пардохтпулиҳо ҳангоми рухсатӣ ва сафарҳои хизматӣ, ҳавасмандиҳои соҳавию давлатӣ ва масъалаҳои ҷобаҷогузории кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба захираи кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ низ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Таъкид шуд, ки ташкили дурусти захираи кадрӣ барои саривақт таъмин намудани вазифаҳои роҳбарикунанда, омодасозии кадрҳои баландихтисос, таъмини болоравии хизматӣ ва баҳодиҳии сифатҳои касбиву шахсии кормандон аҳамияти муҳим дорад.
Таъкид гардид, ки риояи дақиқи талаботи Низомномаи нав ба таҳкими интизому қонуният, дуруст ба роҳ мондани коргузории кадрӣ ва фароҳам овардани муҳити солими корӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, роҳбарон ва кормандони хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд дар фаъолияти ҳаррӯза ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ такя намуда, иҷрои онҳо аз ҷониби ҳайати шахсиро таъмин намоянд.
Дар хотима ба иштирокчиён оид ба риояи қатъии интизоми хизматӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати касбӣ ва таваҷҷуҳ ба интихоби кадрҳои босаводу боинтизом дастуру тавсияҳо дода шуданд.

















