Авбошӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи шаҳрванд Иброҳимов С.С., соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳилолӣ дар он хусус ворид гардид, ки 19 августи соли 2026, тахминан соати 00:30, шаҳрванд Музаффаров Тоҷиддин соли таваллудаш 2004, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский ҳангоми дар назди хобгоҳи ДДТТ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ муноқиша карда, бо корди дар дасташ буда, қасдан 1 маротиба ба қафаси сина ва 1 маротиба ба бозуи рости Иброҳимов С.С., задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷроҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино гумонбаршаванда Музаффаров Т., дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳолат маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот ба роҳ монда шудааст.

















