Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии корӣ бо намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА

20 августи соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии кории Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб бо намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе — масъули ҳуқуқи инсон Патрик Штутс ва дигар намояндагони ин созмони байналмилалӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи барномаҳои муштарак, тақвияти ҳамкорӣ, гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд изҳор намуданд.

20.08.2026 20:23
84