Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан...,

Дар арафаи ба итомрасии курси тайёрии ибтидоии шунавандагоне, ки дар соли ҷорӣ ба   муассисаҳои олии ВКД Федератсияи Россия ва Академияи  ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил гардида ва дар Маркази таълимӣ ҷамъомади таълимии ибтидоиро мегузаранд, чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорону нафақахурони Маркази таълимии ВКД баргузор гардид. 
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Сардори Маркази таълимии ВКД полковники милитсия Ҳайдарзода Шоҳмурод оғоз намуда, иброз дошт, ки мо дар арафаи бузургтарин ҷашни миллӣ 35-солагии Истиқиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Миллати куҳанбунёди тоҷик тавонист дар тули солҳои истиқлол зери сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари оқилу хирадманди худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори баландро касб намояд. 
Сипас, собиқ сардори Маркази таълимӣ полковники мустаъфии милитсия Аблуллоев Муҳаббат баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳар як нафари шуморо зарур аст,  берун аз марзи кишвар бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсили илм намоед, то номбардори миллати тоҷик бошед. 
Инчунин собиқадорони соҳа дар баромадҳои худ шунавандагонро барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, донистани таърихи халқи тоҷику халқҳои ҷаҳон ва адабиёту фарҳанг ҳидоят намуданд. 
Дар охири чорабинӣ аз тарафи шунавандагон бо забонҳои тоҷикиву русӣ аз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ порчаҳои шеърӣ қироат карда шуд.

20.08.2026 15:01
71