Садамаи марговар дар ҳудуди шаҳри Истаравшан
12 августи соли 2026, тахминан соати 15:40, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «КИА Бонго» рақами қайди давлатиаш 45-02 MV/02, Маъруфов Хушбахт Уматкулович, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, ҳангоми баромадан ба роҳи асосӣ дар километри 222-юми роҳи автомобилгарди «Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ» қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба ронандаи мототсикил Ёризода Ҳусейн Ёрӣ, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи деҳаи Сароби ноҳияи Шаҳристон, ки дар роҳи асосӣ бо суръати баланд ҳаракат мекард, роҳ надодааст.
Дар натиҷа, мототсиклрон ба паҳлуи чапи автомашинаи боркаши тамғаи «КИА Бонго» бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст ва дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
















