Одамкушӣ
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Атоев Шералӣ Файзалиевич, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир намуданд.
Номбурда санаи 13-уми августи соли 2026, тахминан соати 11:30 дар манзили зисти иҷоравиаш, воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур бо шаҳрванд Расулова И. С., соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ муноқиша намуда, бо истифода аз корди ошхонагӣ чанд маротиба ба бадани шаҳрванд Расулова И.С. зарба задааст, ки дар натиҷа номбурда аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯйи нишондоди боздоштгардида ӯ бо марҳум муносибати ошиқона дошта, дар заминаи баҳс ва нофаҳмиҳо ба ҷинояти махсусан вазнин даст задааст.
Оиди ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















