ҚАСДАН РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ ВАЗНИН БА САЛОМАТӢ
Шаҳрванд Пиров С.Г., соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён, 10 августи соли 2026 дар ҳолати мастӣ ба назди манзили истиқоматии шаҳрванд, Боев Ш.Ҳ., соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти мазкур омада, бо номбурда ҷангу муноқиша карда, бо истифода аз корди хоҷагидорӣ дар қисмати пеши шиками Бобоев Ш.Ҳ., як маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа Боев Ш.Ҳ., ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои операивӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар ноҳияи Кушониён гумонбарро дастгир намуданд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















