Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон

“Дастрасӣ ба манбаъҳои муосири энергетикӣ ва рушди “энергияи сабз” омили калидии ноил шудан ба рушди устувор мебошад ва кишвари мо, ки асоси иқтидорҳои энергетикиашро соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад, аз рӯи истифодаи манбаҳои тавлиди “энергияи сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд“ Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба мушкилоти зиёд дучор гардид. Аз ҷумла, бар асар ҷанги таҳмилӣ тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, хусусан соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ зарар диданд. Дар оғоз фаъолияти низоми ягонаи энергетикӣ заиф гашта, душвории дастрасӣ ба қувваи барқро ба миён овард, ки он дар баробари эҷоди мушкилӣ барои сокинони ҷумҳурӣ, ҳамчунин барои фаъолияти бонизоми соҳаи саноат таъсири худро расонид.
Баъд аз он, ки бо иқдомҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар мадди аввал гузошта шуда, бо роҳбарии Пешвои миллат ҳадафҳои стратегӣ: 
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ; 
- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ; 
- ҳифзи амнияти озуқаворӣ;
- саноатикунонии босуръати кишвар муайян гардиданд. 
Дар сархати аввалини раддабандӣ қарор гирифтани истиқлолияти энергетикӣ муҳимияти танзим ва рушди соҳаи энергетикаро нишон медиҳад, ки марҳила ба марҳила бо тадбиқи барномаҳои хос дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида истодааст.
Роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бе нерӯи барқ ғайриимкон аст. Дар ҳақиқат, пешрафти ҷомеаро бидуни қувваи барқ тасаввур кардан номумкин аст. Зеро пӯшида нест, ки қувваи барқ, дар навбати худ ба рушди саноат, аз ҷумла саноати вазнин, инкишофи индустрия ва беҳтар гаштани некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард.
Аз ин лиҳоз, барои истифодаи имкониятҳои дохиливу берунӣ барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. 
Бунёду барқарорсозӣ ва ба кор андохтани ду агрегати НБО «Роғун», ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқии 500 кВ-и «Душанбе-Роғун», ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220 киловолтаи НБО «Роғун», мавриди истифода қарор додани НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1», нерӯгоҳи барқии обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 550 киловолта дар НБО «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран-2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи CASA-1000 аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи  расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Дар ҷумҳурӣ шумораи дақиқи умумии нерӯгоҳҳои обии барқӣ бо ҳисоби НБО хурд  ба 350 адад мерасад, аммо асоси системаи энергетикии кишварро нерӯгоҳҳои бузург ва хурди кишвар ба мисли НБО Роғун, НБО Норак, НБО Сангтуда – 1, НБО Сангтуда – 2, НБО Бойғозӣ, НБО Сарбанд, НБО Қайроққум ва НБО Себзор бо иқтодири назарраси истеҳсоли энергияи сабз ташкил медиҳанд.
НБО –ии “Роғун”, “Норак” ва “Қайроққум” – такягоҳи асосии энергетикии кишвар
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги таҷдидшавандаи обӣ мебошад, ки ҳаҷми умумии потенсиалии онҳо зиёда аз 527 млрд кВт/соатро дар як сол ташкил медиҳад. Бо назардошти ин захираҳои азим, гидроэнергетика асоси иқтисодиёти ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, на танҳо талаботи дохилиро бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин месозад, балки барои содироти он ба кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам меоварад. 
Аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон буда,  98%-и нерӯи барқи кишвар тавассути неругоҳҳои барқи обӣ (НБО) истеҳсол мешаванд. Асоси ин соҳаро силсиланерӯгоҳҳои рӯди Вахш ва иншооти азими стратегӣ, аз қабили НБО Роғун, НБО Норак ва НБО “Қайроққум” ташкил медиҳанд.
Неругоҳи барқи обии Роғун муҳимтарин лоиҳаи стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин неругоҳ дар рӯдхонаи Вахш, дар масофаи 110 километр дуртар аз пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ҷойгир аст. 
Мувофиқи маълумоти дар ВАО интишор ёфта, дар маҷмӯъ нақбҳои қаъри кӯҳи нерӯгоҳ 70 км-ро фаро гирифта, иқтидораш пас аз анҷоми сохтмон 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод ва муқоисан иқтидори лоиҳавии НБО-и “Роғун” баробари се реактори ҳастаӣ буда, солона 17,7 миллиард КВт соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки ҷумҳуриро ба қувваи барқ барзиёд таъмин менамояд.
Нерӯгоҳи барқи обии Норак то ба имрӯз калонтарин иншооти амалкунандаи энергетикӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин иншоот низ дар дарёи Вахш ҷойгир буда, сохтмони он соли 1961 оғоз ёфта буд. Иқтидори муқарраршудаи неругоҳ 3000 МВт-ро ташкил медиҳад. НБО Норак аз 9 гидроагрегат иборат аст ва дар таъмини мунтазами саноат ва аҳолии кишвар бо нерӯи барқ нақши ҳалкунанда дорад.
Ҳамчунин дар дарёи Вахш НБО Сангтуда - 1  бо, иқтидори лоиҳавии 670 МВт ва НБО Сангтуда - 2 бо иқтидори  220 МВт бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки барои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
НБО Қайроққум ягона неругоҳи бузурги обии қисми шимолии Тоҷикистон мебошад, ки дар рӯдхонаи Сир, дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд ҷойгир аст. Ин иншоот на танҳо барои таъминоти барқ, балки ҳамчун танзимгари асосии оби соҳаи кишоварзӣ барои се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон аҳамияти стратегӣ дорад. 
Соли 1956 якумин агрегати неругоҳ ба кор андохта шуда, соли 1957: сохтмони неругоҳ пурра ба охир расида, ҳамаи 6 агрегат ба шабакаи умумии энергетикӣ пайваст шуданд. Аз сабаби зиёда аз 60 сол фаъолият намудан, таҷҳизоти неругоҳ кӯҳна ва фарсуда шуд. Бинобарон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Рӯшд ва Таҷдид (EBRD) ва Фонди Иқлими Яшил, лоиҳаи бузурги таҷдиди НБО Қайроққум амалӣ карда шуд. Ҳамаи 6 гидроагрегат, трансформаторҳо ва таҷҳизоти тақсимоти барқ ба моделҳои муосиру сермаҳсул иваз карда шуданд. Иқтидори ҳар як агрегат аз 21 МВт ба 29 МВт расонида шуд, ки дар натиҷа иқтидори умумии НБО аз 126 МВт ба 174 МВт афзоиш ёфт.
 Дар баробари неругоҳҳои азими саноатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди неругоҳҳои хурд дар ноҳияҳои кӯҳистон афзалияти хоса медиҳад. Аз ҷумла, рушди соҳаи энергетика дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон низ ба солҳои соҳибистиқлолӣ рост омад. Маҳз бо ташаббусу иқдомҳои созандаи Пешвои миллат соли 2005 сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» пурра ба итмом расонида шуд. Ин ҳолат имконият дод, ки мушкилоти норасоии қувваи барқ дар вилоят як қадар беҳтар гардад. 
Дар ин самти афзалиятнок ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли нерӯи барқ дар ВМКБ имконияту воситаҳои дигар низ ба кор андохта шуданд. Таҷдиду азнавсозии хатҳои интиқоли барқи пастшиддат, ҳамчунин хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 10, 35 ва 110 киловолта (380 км), 29 зеристгоҳҳои барқӣ бунёду таҷдид гардиданд. Дар вилоят 29 мегаватт иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи барқии обии «Помир-1» бо иқтидори 28 мегаватт ба кор андохта шуда, дар натиҷаи корҳои азнавсозӣ аз ҳисоби иқтидорҳои мавҷуда 12,9 мегаватт барқарор карда шуд.  
Дар доираи лоиҳаи сармоягузорӣ навбати дуюми нерӯгоҳи «Помир-1» ба истифода супорида, нерӯгоҳҳои хурди барқии обии «Ванҷ-1», «Ванҷ-2» баъд аз таъмиру азнавсозӣ ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва нерӯгоҳҳои хурди барқи обии «Намадгут»-и ноҳияи Ишкошим ва «Шуҷанд»-и ноҳияи Рӯшон ба шабакаи марказии «Помир-Энерҷӣ» пайваст гардиданд. Имрӯзҳо дар вилояти Бадахшон дар умум зиёда аз 50 нерӯгоҳи барқии обии хурд фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти расмии Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, дар нимсолаи аввали соли 2026 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 1 миллиарду 45,1 миллион кВт/соат нерӯи барқ содир кардааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 78,1 млн кВт/соат ё худ 7% коҳиш ёфтааст. Маблағи барқи содиршуда 292,2 миллион сомонӣ (ҳудуди 31,65 миллион доллари ИМА)-ро ташкил дод.
Харидорони асосии барқи ватанӣ Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ҳамсоякишвар Ӯзбекистон мебошанд.
Хулоса нерӯгоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи устувори рушди иқтисод, саноат ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мебошанд, ки дар баробари таъмини пурраи кишвар бо барқи тоза, Тоҷикистонро ба яке аз содиркунандагони асосии энергияи сабз дар минтақа табдил додаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи соҳаи энергетика талош варзида ҳар як шаҳрвандро зарур аст дар тадбиқи барномаҳои давлатии ба ин самт нигаронида шуда ҳиссагузор бошад.
Умед Солизода, 
сардори Шуъбаи ВКД 
дар шаҳри Бӯстон 
подполковники милитсия.

10.08.2026 14:55
38