Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии чорво

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон гурӯҳи чорнафарае дастгир гардиданд, ки ба дуздии чорвои калон дар чанд ҳолат гумонбар мебошанд.
Гумонбарон Қурбонзода И., Саидов Х., Асомидинов И. ва Абдуалиев Ф., сокинони ноҳияи Хуросон аз бешазори назди дарёи Вахш, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, чорвои калони сокинони ноҳияро ба таври пинҳонӣ тасарруф намудаанд.
Аз ҷумла, дар охири моҳи июн ва моҳи июли соли 2026 дар маҷмӯъ аз рӯи ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби гумонбарон 5 сар чорвои калон рабуда шуда, зарари умумӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ҳолатҳои мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, барои муайян кардани дигар ҷиноятҳои эҳтимолии гурӯҳ ва ҳаҷми пурраи зарари расонидашуда чораҳои тафтишотӣ идома доранд.

10.08.2026 10:54
48