Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ноболиғ барои авбошӣ дастгир гардиданд

Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду ноболиғро барои содир намудани кирдори авбошӣ дастгир намуданд.
Гумонбарон Ҳ.М. ва М.Ю., сокинони пойтахт, бо худ корди ошхонагӣ ва болға гирифта, 7 августи соли 2026, тахминан соати 20:00, дар кӯчаи Н. Махсум бо як гурӯҳи ноболиғони дигар ҷангу муноқиша карда, дар ҷараёни муноқиша ноболиғ Ҳ.М., бо корд ду маротиба ба китфу даст ва як маротиба ба дасти рости ду ноболиғи дигар зарба задааст. Ноболиғ М.Ю. бошад, бо болға ба тарафи онҳо ҳамла кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дошта, ҷузъиёти дигари ҳодиса муайян карда мешавад.

10.08.2026 10:37
63