Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи «Душанбе – Чаноқ»
4 августи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи «Aion» Зиёев Абдулазиз Русланович ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе дар километри 24-уми ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаҳои тамғаи «Toyota Fielder» ва «Volkswagen Crafter» бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандагон ва чанд мусофир ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Мутаассифона, мусофир Раҷабова Муниса Сафаровна ҳангоми дар беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб қарор доштан ба ҳалокат расидааст. Се нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














