Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояти ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор намуданд.
Тибқи маълумоти тафтишот, Каримов Аҳад, соли таваллудаш 2002, рӯзи 3 августи соли 2026 автомашинаи тамғаи «Опел Вектра»-ро, ки дар назди тарабхонаи «Тоҷи Заррин» беназорат меистод ва ба шаҳрванд Деҳқонзода Охунбуво тааллуқ дошт, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Гумонбар ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар роҳи ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба садама дучор гардидааст. Дар натиҷа ба соҳиби автомашина ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Аз рӯи ин ҳолат нисбати гумонбар бо қисми 1 моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи «Душанбе – Чаноқ»
4 августи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи «Aion» Зиёев Абдулазиз Русланович ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе дар километри 24-уми ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаҳои тамғаи «Toyota Fielder» ва «Volkswagen Crafter» бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандагон ва чанд мусофир ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Мутаассифона, мусофир Раҷабова Муниса Сафаровна ҳангоми дар беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб қарор доштан ба ҳалокат расидааст. Се нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

06.08.2026 9:39
26