Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ВКД вохӯрӣ доир намуд

5 августи соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Коллеҷи милитсия ва Коллеҷи оташнишонӣ вохӯрӣ баргузор намуда, онҳоро ба вазифаҳои хизматӣ таъин кард.
Дар оғози вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ оид ба дастовардҳои замони Истиқлол таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз пешрафту дастовардҳои Вазорати корҳои дохилӣ, бахусус дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки имрӯз барои таълиму тарбияи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, тавассути муассисаҳои таълимии соҳавӣ мутахассисони соҳибкасб барои хизмати содиқона ба давлат ва ҷомеа омода мегарданд.
Зимни суҳбат Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони ҷавон таъкид намуд, ки бо мардум хушмуомила буда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро эҳтиром намоянд ва вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият ва содиқона иҷро кунанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Коллеҷи милитсия ва Коллеҷи оташнишонӣ мутобиқи ихтисос ва талаботи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба вазифаҳои хизматӣ таъин гардиданд.

05.08.2026 16:49
96