Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка 

4 августи соли 2026 дар бинои Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ оид ба шоҳмот ва шашка байни кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Ҷавонон ва амнияти миллӣ» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши зеҳнӣ, ҷалби кӯдакону наврасон ба машғулиятҳои варзишӣ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни насли наврас мебошад.
Дар мусобиқа иштирокчиён аз рӯи намудҳои бозии шоҳмот ва шашка байни писарону духтарон бо ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, диплом, медал, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

05.08.2026 9:09
40