Дар ВКД маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии мақолаҳои беҳтарин баргузор гардид
4 августи соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо ҳайати ҳакамон, ҷавонони фаъол ва иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии мақолаҳои беҳтарин таҳти унвони «35-солагии Истиқлолият» ва «Сулҳ барои оянда» маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибон баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули тафаккури сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани шавқу рағбат ба мутолиаи китоб, омӯзиши осори таърихӣ ва рушди қобилияти таҳлилӣ, инчунин дар доираи муаррифии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони фаъоли «Авангард» роҳандозӣ шудаст.
Зикр карда шуд, ки озмун аз 17 июли соли 2026 оғоз гардида, дар он зиёда аз 68 нафар ҷавонони фаъолу эҷодкор аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намудаанд, ки аз таваҷҷуҳи зиёд ва аҳаммияти ин иқдом шаҳодат медиҳад.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз таҳти сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба онҳо барору комёбӣ ва илҳоми эҷодӣ таманно карда шуд.




















