Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани гумонбари ҷинояти авбошӣ

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Мастчоҳ Масидиқов Р.А., соли таваллудаш 1992-ро бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд.
Гумонбаршаванда 31 июли соли 2026, тахминан соати 17:40, дар корхонаи хиштбарорӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, бо Усаров Б.Ҳ., соли таваллудаш 1991, баъди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ байни ҳам ҷангу муноқиша намудаанд. Дар рафти муноқиша Масидиқов Р., бо корди ошхонагӣ чанд маротиба ба рӯй ва бадани ҷабрдида зарба зада, ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбар бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

04.08.2026 9:35
38