Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти роҳзанӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур Мирзоалиев А.Р., соли таваллудаш 2000, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Дастгиршуда шаби 1 августи соли 2026, тахминан соати 04:30, бо ҳамроҳии Меликов Б.С., соли таваллудаш 2002, дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Эко-Ойл», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон, шаҳрванд Бобоев Н.Х., соли таваллудаш 1998-ро таҳдид намуда, бо гузоштани корд ба гулӯяш бо роҳи зӯроварӣ маблағи 1 ҳазору 500 сомониро тасарруф кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.

04.08.2026 9:31
26