Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини шаҳри Кӯлоб, Қураев М. Қ., соли таваллудаш 1985, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2 августи соли 2026, тахминан соати 20:30, дар назди нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Сарези Миёнаи шаҳри Кӯлоб, бо сокини ҳамин деҳа Бобоев С.Р., соли таваллудаш 1996, муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ ба қафаси сина, шикам ва оринҷи дасти чапи ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад.















