Дар Маркази таълимии ВКД ҷамъомади таълимии ибтидоӣ оғоз гардид
Дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии марказ ва шунавандагоне, ки ба муассисаҳои таълимии ВКД Федератсияи Россия ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил гардида, дар Маркази таълимӣ аз давраи тайёрии ибтидоӣ мегузаранд, чорабинӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ сардори Маркази таълимӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ., шунавандагонро бо тартиботи дохилии марказ шинос намуда, ҳамзамон масъулини марказро вазифадор кард, ки ҷамъомади таълимии ибтидоиро дар сатҳи баланди касбӣ баргузор намоянд.
Таъкид гардид, ки ҷамъомади таълимии ибтидоӣ мутобиқи талаботи фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2006 «Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба ташкили тайёрии ибтидоӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 то 20 августи соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки баъди анҷоми ҷамъомади таълимии ибтидоӣ шунавандагон барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии хориҷ аз кишвар сафар намуда, ҳамчун намояндагони Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи миллати тоҷикро муаррифӣ хоҳанд кард. Аз ин рӯ, ба онҳо тавсия дода шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми кӯшиши худро барои азхуд намудани донишҳои назариявию амалӣ, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ, равона созанд.
Дар навбати худ, шунавандагон низ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки бо ҳисси баланди масъулият таҳсил карда, бо баҳои хубу аъло дониш меомӯзанд ва баъди хатми таҳсил ба Ватан баргашта, ба халқу Ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.


















