Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётӣ ва оқибати он 

2 августи соли 2026, тахминан соати 13:00, дар километри 219-уми шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд–Чанноқ, дар ҳудуди деҳаи Сурхи ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «ХОВО», рақами қайди давлатии 775 ВА/02, Одинаев Эҳсонбой, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст. Дар натиҷа автомашинаи ӯ бо мошини тамғаи «Мерседес Бенс Атеко», ки таҳти идораи Бобоев Паҳлавонбой, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар пайи бархӯрд ҳар ду ронанда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Мутаассифона, ронандаи автомашинаи «ХОВО» Эҳсонбой Одинаев бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи автомашинаи дигар барои расонидани ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол дода шудааст.
Барои муайян намудани сабабу омилҳои рух додани ин садамаи марговар таҳқиқ идома дорад.

03.08.2026 9:28
62