Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошӣ аз ҷониби ноболиғон

Ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб Паҳлавонов Б. муроҷиат намуд, ки 1 августи соли 2026, тахминан соати 21:00, писари ноболиғи ӯро  ноболиғ 17 сола сокини суроғаи зикршуда, аз ҳиссиёти авбошӣ ва бе ягон асос аввал латукӯб намуда, сипас бо корде, ки ҳамроҳаш будааст, як маротиба ба шикамаш зарба задааст.
Дар натиҷаи ҳодиса ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуда, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Барои муайян намудани сабабу ҳолатҳои ҷинояти содиршуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

03.08.2026 9:24
45