Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси хизматӣ дар Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД

31 июли соли 2026 дар толори маҷлисии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси хизматӣ вобаста ба омӯзиши Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таҳрири нав қабул гардидааст, баргузор шуд.Низомномаи мазкур 26 июни соли 2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №439 қабул гардидааст ва яке аз санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолияти хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад.
Дар дарси хизматӣ муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Низомзода Н.Н., муовини сардори шуъбаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, майори милитсия Амирзода С.А., муовини сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза», подполковники милитсия Абдулмаҷидзода Х. ва зиёда аз 120 нафар кормандони Хадамот ва ҷузъу томи он иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ иброз гардид, ки Низомномаи мазкур тартиби қабул ба хизмат, адои хизмат, ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулият, интизоми хизматӣ, тартиби додани рутбаҳои махсус, ҳавасмандгардонӣ, ҷавобгарии интизомӣ ва кафолатҳои иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилиро муайян менамояд. 
Таъкид карда шуд, ки хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ масъулияти бузург дар назди давлат ва ҷомеа буда, қабул ба хизмат танҳо баъд аз гузаштани санҷишҳои махсус, тиббӣ, равонӣ ва касбӣ сурат мегирад. 
Дар анҷоми дарси хизматӣ байни иштирокчиён ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуданд. 



 

31.07.2026 16:54
93