Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояти дуздиро ошкор ва гумонбари онро дастгир намуданд.
Шаҳрванд Мусоев О.Ё., соли таваллудаш 1995 бо ариза дар он хусус муроҷиат кард, ки шаби 29 июли соли 2026, тахминан соати 03:30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, 5 ҳазор сомонӣ маблағи нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят — ноболиғи 15-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Сомониён муайян ва дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад.

31.07.2026 9:18
39