Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии координатсионӣ оид ба такмили фаъолияти Маркази таълимии ВКД

30 июли соли 2026 дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии координатсионӣ оид ба такмили фаъолияти Марказ ва мукаммал намудани барномаҳои омӯзишӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб, намояндагони Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Мирослав Миллоевич, роҳбарият ва кормандони Маркази таълимӣ, иштирок намуданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори Маркази таълимӣ дар самти омодагии махсуси кормандони милитсия, таҳлилу такмили барномаҳои амалкунандаи таълимӣ, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо ва ҷорӣ намудани курсҳои нави омӯзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд, такмили барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баён доштанд.

30.07.2026 18:11
74