Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон Мизи мудаввар баргузор гардид

30 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Кангурт»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон Мизи мудаввари миллии сатҳи баланд таҳти унвони «Гендер, технологияҳо ва савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш тақрибан 60 нафар намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматии пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ ба қурбониёни савдои одамон, инчунин дигар намояндагон иштирок намуданд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ оғоз бахшида, сипас Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвами ва Роҳбари шуъбаи ҳамкорӣ дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Изабел Уриз баромад карданд. 
Таъкид гардид, ки савдои одамон дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, тағйирёбии равандҳои муҳоҷират ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ шаклҳои навро пайдо кардааст. Ҷалби қурбониён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳоди корӣ бо роҳи фиреб ва дигар воситаҳои рақамӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир табдил ёфтааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини роҳбари Маркази миллӣ оид ба мубориза бо савдои одамони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Бухоризода дар мавзӯи «Таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо савдои одамон бо мақсади фаъолияти маҷбурии ҷиноятӣ дар марказҳои қаллобӣ» маърӯза намуда, аз тадбирҳои амалишавандаи кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ин навъи ҷиноят маълумот пешниҳод кард.
Иштирокчиёни мизи мудаввар инчунин нақши технологияҳои иттилоотӣ дар содиршавии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, тамоюлҳои нави истифодаи технологияҳо барои ҷалб ва истисмори қурбониён, инчунин робитаи ин равандҳоро бо масъалаҳои гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳадафи баргузории мизи мудаввар таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати муборизаи муассир бо савдои одамон ва мутобиқ намудани чораҳои муқовимат ба таҳдидҳои нави технологӣ арзёбӣ гардид.

30.07.2026 16:13
55