Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дониш андар дил чароғи равшан аст…

Дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ба соҳаи маориф диққати махсус дода шуда,  баҳри дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондани таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буд.   
Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар самтҳои фаъолият ба таълиму бозомузии кормандони мақомоти дохилӣ диққати махсус равона месозад. Аз ин ҷост, ки тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбарияти ВКД аз 20-ум то 30-юми июли соли равон дар Маркази таълимии ВКД курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҳисоби кормандони Қисми навбатдории ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ 34 нафар ва кормандони РҲТҶ ва Раёсати экологӣ ва саёҳии ВКД 51 нафар ба курсҳои  бозомузӣ фаро гирифта шуда ва онро бо мувафаққият хатм намуданд. 
Дар ҷамъомаде, ки бахшида ба муносибати хатми курси мазкур санаи 30-юми июл дар Маркази таълимӣ баргузор гардид, Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода, Муовини сардори РНТ полковники милитсия Ҷамшед Ёрализода, Сардори Шуъбаи оперативии РНТ полковники милитсия Юсуф Сафарзода ва Сардори Маркази таълимии ВКД, номзади илмҳои педогогӣ, дотсент Шоҳмурод Ҳайдарзода иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ  Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода таъкид намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чунин курсҳои кутоҳмуддат пайваста гузаронида шуда ва аз таъмоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ кормандон ба ин курсҳо фаро гирифта мешаванд. Инчунин мавсуф диққати ҳозиринро ба ваъзи пешгӯинашавандаи ҷаҳон равона намуда, иброз дошт, ки ин вазъ аз ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ дониши баланди касбӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсиро талаб менамояд. Бо ҳамин мақсад дар курси омузишии мазкур кормандони амалӣ аз раёсатҳои дахлдори ВКД ва собиқадорони соҳа ба ҳайси омӯзгор ҷалб гардидаанд ва ин иқдом ба таври ҳамешагӣ  идома меёбад.
Зикр гардид, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Тоҷикон»- Бобоҷон Ғафуров, ки ба дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам бознашр ва ба тариқи ройгон ба ҳар як оилаи тоҷик дар арафаи иди бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тақдим гардидааст ва Китоби «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро таълиф гардидааст, бояд китоби руимизии ҳар як корманд бошад. 
Сипас, Сардори Маркази таълимии ВКД, номзади илмҳои педогогӣ, дотсент Шоҳмурод Ҳайдарзода суханронӣ намуда аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсӣ иброз намуд, ки мо доимо баҳри гузаронидани чунин курсҳо омодаем. Зеро омодагии доимии ҳайати профессорону омузгорони Маркази таълимӣ зери назорати доимии Роҳбарияти Марказ ва ВКД қарор дорад ва имрӯз дар Маркази таълмиӣ тамоми шароити муосир барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ мавҷуд аст.
Дар фарҷоми ҷамъомад ба хатмкунандагони курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ Сертификат оди хатми курс супорида шуд. 

Асадхони Аҳадхон,
Гулоншо Сафаров
кормандони Маркази таълимӣ


                                                  

 

30.07.2026 12:28
92