Дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 183 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ноболиғ
Кормандони милитсия дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти гумонбарро, ки дар содир намудани дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ дар бозори «Корвон» даст дорад, муайян намуданд.
Сокини ноҳияи Фирдавсӣ Сатторова Р., ба ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур муроҷиат кард, ки 27 июли соли 2026, тахминан соати 08:10, шахси номаълум ба нуқтаи фурӯши №120 воқеъ дар ҶДММ «Бозори Корвон» ворид шуда, 11 адад дастбанд ва як адад гарданбанди тиллоиро дуздидааст. Зарари расонидашуда 183 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 15-сола, сокини ноҳияи Ёвон содир намудааст.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.














