Вохӯрӣ дар доираи ислоҳоти милитсия
28 июли соли 2026 вохӯрии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб бо роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Такэмура Ёшимаса баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъалаҳои дастгирии раванди ислоҳоти милитсия, таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа, такмили донишу малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷопон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва сафарҳои омӯзишӣ, инчунин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок муҳокима гардиданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда, дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идома ва густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.




















