АВБОШӢ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Қурбонов М., соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд истиқомат мекард, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда 27 июли соли 2026, тахминан соати 19:50, дар дохили ошхонаи «Парасту», воқеъ дар маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷанд, бо истифода аз корди хоҷагӣ ба ҷониби шаҳрванд О.Н., соли таваллудаш 1994, таҳдид намудааст.
Ҳангоми содир намудани ин кирдор аз беэҳтиётӣ бо корди дар даст доштааш дасти чапи писари ноболиғи худро захмӣ кардааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати халандаю буранда гирифта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти пешакӣ идома дорад.

















