Ҳодисаи сӯхтор
Санаи 27 июли 2026 тахминан соати 15:14 дақиқа, оид ба ҳодисаи сӯхтор дар кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ба маркази алоқаи Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ВМКБ хабар расид.
Дар баробари расидани хабар фавран ба ҷойи ҳодиса 5 адад нақлиётҳои оташнишонӣ бо 72 нафар ҳайати кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ҳозир шудани кормандон ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор муайян карда шуд, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ дохил ва болопӯши мағозаҳои кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Хоруғро алангаи оташи кушод фаро гирифта, хавфи бевосита паҳншавии он ба дигар биноҳои ҳамшафат таҳдид менамуд. Дар амалиётҳои саривақтӣ ва тактикии оташнишонӣ сӯхтор дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Сабаб ва зарар муайян карда мешавад.






















