Маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ
Дар асри XXI инсоният ба марҳилаи нави рушди илму техника ворид гардидааст, ки меҳвари онро технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ташкил медиҳанд. Пешрафти босуръати ин соҳаҳо тарзи зиндагӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва низоми идоракунии давлатҳоро куллан тағйир дода, имкониятҳои бесобиқаеро барои рушди ҷомеа фароҳам овардааст. Имрӯз технологияҳои рақамӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯза табдил ёфта, истифодаи онҳо дар маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, бонкдорӣ, нақлиёт, саноат, мақомоти давлатӣ ва дигар бахшҳо рӯз аз рӯз васеъ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян гардидааст. Бо татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва рақамикунонии идоракунии давлатӣ барои истифодаи васеи технологияҳои муосир шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳадафи асосии ин раванд баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, шаффофият, самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мебошад.
Дар баробари имкониятҳои васеъ, технологияҳои рақамӣ масъулияти бештарро низ талаб мекунанд. Истифодаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои зеҳни сунъӣ бояд дар доираи талаботи қонунгузорӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва фарҳанги баланди рақамӣ амалӣ карда шавад. Маърифати рақамӣ имрӯз танҳо донистани тарзи истифодаи компютер ё телефони мобилӣ нест, балки қобилияти истифодаи оқилона, бехатар ва масъулонаи технологияҳои муосир мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими рушди технологияҳои муосир зеҳни сунъӣ мебошад. Имрӯз зеҳни сунъӣ метавонад дар омӯзиш, таҳқиқоти илмӣ, таҳлили маълумот, хизматрасонии давлатӣ, тиб, истеҳсолот ва дигар соҳаҳо ба инсон кумаки арзишманд расонад. Он имконият медиҳад, ки ҳаҷми зиёди маълумот дар муддати кӯтоҳ таҳлил гардида, қарорҳои самаранок қабул карда шаванд. Дар низоми маориф зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳияи маводи таълимӣ, омӯзиши фардӣ ва баланд бардоштани сифати дониш истифода шавад. Дар бахши тандурустӣ бошад, он ба ташхиси бемориҳо, таҳлили маълумоти тиббӣ ва такмили хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.
Бо вуҷуди ин, зеҳни сунъӣ ҷойгузини тафаккур, масъулият ва қарорҳои инсон шуда наметавонад. Ҳар як маълумоте, ки тавассути барномаҳои зеҳни сунъӣ пешниҳод мегардад, бояд аз ҷониби мутахассис ё истифодабаранда мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дода шавад. Боварии кӯр-кӯрона ба ҳар гуна иттилооти тавлидшуда метавонад боиси паҳншавии маълумоти нодуруст, қабули қарорҳои ғайриасоснок ва ҳатто вайрон гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон гардад.
Дар баробари пешрафти технологияҳои рақамӣ, таҳдидҳои нав низ ба вуҷуд омадаанд. Ҷиноятҳои киберӣ, қаллобӣ тавассути интернет, дуздии маълумоти шахсӣ, паҳн намудани ахбори бардурӯғ, таблиғи ғояҳои ифротгароӣ ва истифодаи ғайриқонунии шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон аҳамияти махсус пайдо кардааст.
Маҳз бо ҳамин мақсад мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар фазои рақамӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тавассути чорабиниҳои профилактикӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма шаҳрвандонро барои истифодаи бехатар ва қонунии интернет, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва пешгирии шомилшавӣ ба ҷиноятҳои киберӣ роҳнамоӣ менамоянд. Ин фаъолият ба таҳкими амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Дар ин самт ҷавонон масъулияти бештар доранд ва онҳо ҳамчун истифодабарандагони фаъоли технологияҳои рақамӣ бояд фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, муносибати интиқодӣ ба иттилоот, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва риояи талаботи қонунгузориро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд. Ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки паҳн намудани иттилооти носанҷида, истифодаи ғайриқонунии маълумоти шахсӣ, таҳқиру тӯҳмат дар фазои маҷозӣ ё ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ метавонад оқибатҳои ҷиддии ҳуқуқӣ дошта бошад.
Баланд бардоштани маърифати рақамӣ имрӯз вазифаи танҳо як ниҳод нест, зеро дар ин раванд оила, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як шаҳрванд бояд саҳми худро гузоранд. Тарбияи фарҳанги истифодаи дурусти технологияҳои рақамӣ аз синни хурдӣ барои ташаккули ҷомеаи босавод, масъулиятшинос ва рақобатпазир заминаи устувор мегузорад.
Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки ҳамқадами пешрафти илму технология буда, аз имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ оқилона, бехатар ва масъулона истифода барем. Танҳо дар ин сурат метавонем аз дастовардҳои инқилоби рақамӣ ба нафъи ҷомеа баҳра гирифта, ҳамзамон амнияти иттилоотӣ, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва суботи ҷомеаро ҳифз намоем.
Маърифати баланди рақамӣ, истифодаи масъулонаи технологияҳои муосир ва эҳтиром ба талаботи қонунгузорӣ кафолати рушди устувори ҷомеаи муосир, таҳкими амнияти миллӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар ин раванд масъулияти худро эҳсос намуда, дар ташаккули фазои солим, бехатар ва созандаи рақамӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло















