Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ – арзиши муқаддас, пояи устувори давлатдорӣ ва кафили таъмини амнияти ҷомеа

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон 27 июни соли 1997 ҳамчун яке аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин санаҳо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои барқарор намудани сулҳу субот, эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошт.
Роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат осон набуд ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон давраи ниҳоят вазнин ва пур аз озмоишҳои таърихӣ буданд. Низои дохилӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, хароб гардидани иқтисодиёт, муҳоҷирати маҷбурии ҳазорҳо шаҳрвандон ва коста шудани низоми идоракунии давлатӣ гардид. Дар чунин шароити ҳассос масъалаи ҳифзи давлатдорӣ ва барқарор намудани сулҳ ба вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти кишвар табдил ёфт.
Дар ҳамин марҳилаи тақдирсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва таърихӣ мебошад. Аз рӯзҳои аввали ба зимма гирифтани роҳбарии давлат Пешвои миллат сулҳу оромиро муҳимтарин ҳадафи сиёсати давлатӣ қарор дода, тамоми имкониятҳоро барои хотима бахшидан ба низои дохилӣ сафарбар намуданд. Бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва талошҳои пайгирона музокироти сулҳ оғоз гардида, баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Маҳз сиёсати сулҳҷӯёна, таҳаммулпазирӣ ва дурандешии Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз хатари парокандагӣ раҳо ёфта, ба роҳи рушди устувор қадам гузорад. Имрӯз дар натиҷаи татбиқи сиёсати созанда мамлакат ба як давлати соҳибистиқлол, амн, сулҳпарвар ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳдӯст эътироф гардидааст. Ҳамаи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.
Далели дигари эътирофи нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният дар арсаи байналмилалӣ қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Ин қатънома бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд. Қатънома таҷассумгари эътирофи таҷрибаи нодири Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳалли ихтилофҳо тавассути муколама мебошад. Ҳадафи асосии ин ташаббуси байналмилалӣ таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколама, пешгирии низоъҳо, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва таъмини зиндагии осоишта барои наслҳои имрӯзаву оянда мебошад. Ин иқдоми ҷаҳонӣ бори дигар мақоми баланди Тоҷикистон ва Пешвои миллатро ҳамчун ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳу амният собит намуда, аҳамияти таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун намунаи арзишманд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид мекунад.
Ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши олии конститутсионӣ, пояи устувори давлатдорӣ ва кафили ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Таҷрибаи таърихӣ исбот намудааст, ки бе суботи сиёсӣ, волоияти қонун ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон рушди устувори давлат имконнопазир аст. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар шароити имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва паҳншавии ғояҳои тундрав тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад. Ин омилҳо метавонанд ба амнияти давлатҳо, суботи ҷомеа ва оромии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ вазифаи муҳимтарини давлат ба ҳисоб меравад.
Дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи калидӣ доранд. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳифзи моликият ва таъмини амнияти шаҳрвандон равона гардидааст.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шабонарӯзӣ бо ҳисси баланди масъулият, садоқат ба Савганди хизматӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ баҳри ҳифзи оромии ҷомеа фаъолияти пурсамар анҷом медиҳанд. Онҳо дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон нақши ҳалкунанда доранд.
Мақомоти корҳои дохилӣ танҳо бо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ маҳдуд намешаванд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти онҳо корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ мебошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамасола вохӯриҳо бо ҷавонон, донишҷӯён, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа баргузор гардида, масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо ифротгароӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ин тадбирҳо ба таҳкими амнияти ҷомеа ва ҳифзи ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки таъмини амнияти ҷомеа танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин самт ҳамкории мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ, аҳли зиё, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар аҳамияти муҳим дорад. Танҳо тавассути масъулияти муштарак, эҳтироми қонун ва ҳамбастагии ҷомеа метавон сулҳу субот ва ваҳдати миллиро устувор нигоҳ дошт.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа мавқеи махсус доранд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд арзиши сулҳу ваҳдатро амиқ дарк намуда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, риояи қонун ва муқовимат ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб саҳми фаъол гузоранд. Насли ҷавон бояд донад, ки оромии имрӯз бо талошҳои бузурги фарзандони содиқи Ватан ба даст омадааст ва ҳифзи он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқи дигарон, таҳаммулпазирӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ мебошанд. Бетафовутӣ нисбат ба қонуншиканӣ, паҳн намудани иттилооти носанҷида ва дастгирии ғояҳои ифротӣ метавонад ба амнияти давлат ва ҷомеа таъсири манфӣ расонад.
Имрӯз Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва фаъолияти содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти корҳои дохилӣ, дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушд намуда истодааст. Ҳифзи ин дастоварди бузурги таърихӣ вазифаи муқаддаси давлат ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Бо итминони комил метавон иброз дошт, ки халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо такя ба арзишҳои сулҳу ваҳдат, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати созандаи Пешвои миллат ва фаъолияти содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи амнияти миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол талош хоҳад намуд.
Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик, пояи устувори давлатдорӣ, кафили амнияти миллӣ ва шарти асосии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда, саҳмгузорӣ дар таҳкими он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара
полковники милитсия Анварзода Ш. 

28.07.2026 16:03
33