Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ дар самти хариду фурӯши манзили истиқоматӣ

27 июли соли 2026 ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Ахмедов Ҳ.М., соли таваллудаш 1957, сокини кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки 24 январи соли 2024 шаҳрванд Саъдуллоев Б.М., соли таваллудаш 1999, сокини кӯчаи Ховарони шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 530 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмони воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе барои ӯ хонаи истиқоматии дуҳуҷрагӣ бо масоҳати 78 метри мураббаъ дастрас менамояд. Аммо баъди гирифтани маблағ ба ваъдаи худ амал накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, ҷабрдидаро фиреб додааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

28.07.2026 9:49
44