Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Саидов С., соли таваллудаш 1951, сокини ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки 15 июли соли 2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди истироҳатгоҳи ҷамоати деҳоти Чуянгарон гардида, аз он ҷо як адад яхдони тамғаи «Артекал»-ро дуздидаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби ду нафар ноболиғ, сокини ҷамоати деҳоти Чуянгарони шаҳри Ваҳдат содир шудааст. 
Инчунин, зимни чорабиниҳои оперативӣ муайян гардид, ки шаҳрванд Азимов К.Р., соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом, 23 июли соли 2026 тахминан соати 12:00 дар ҳудуди боғи «Истиқлол»-и шаҳри Конибодом бо роҳи пинҳонӣ аз болои курсии нишаст як адад телефони мобилии тамғаи «Redmi Note 15 Pro»-ро, ки ба шаҳрванд Набиева М.С., соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзобаи шаҳри Конибодом тааллуқ дошта, арзишаш 3 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Вобаста ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

28.07.2026 9:45
34