Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин
27 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Го Жичун вохӯрӣ доир намуд.
Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму эктремизм, ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зимни суҳбат таъкид намуданд, ки рушди ҳамкориҳои судманд дар самти таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба масъалаҳои густариши робитаҳои касбӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои тарафайн дар самтҳои пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.


















