Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ҳамадонӣ 

25 июли соли 2026 тахминан соати 20:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-400» Сайфулоев Наврӯз Бобохонович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Меҳрвари ноҳияи мазкур  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Сабринаи Алиҷон, соли таваллудаш 2023, сокини ҳамин деҳаро бо қисми пеши автомашина пахш намудааст.
Бар асари садама ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дошта, сабабу омилҳои садама муайян карда мешаванд.

27.07.2026 10:27
55