Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунии маблағ

26 июли соли 2026 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки шаҳрванд Раҳмонов А.Х., соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Истаравшан, аз соли 2021 то инҷониб дар вазифаи менеҷери фурӯши ҶДММ «Тоҷфилиз» фаъолият дошта, аз амбори ҷамъият молу маҳсулоти гуногунро барои фурӯш қабул намуда, баъди фурӯхтани онҳо маблағи бадастомадаро ба хазинаи ҷамъият насупоридааст.
Дар натиҷа муайян гардид, ки ӯ маблағи умумии 1 миллиону 879 ҳазору 168 сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсӣ сарф кардааст.
Нисбати Раҳмонов А.Х. бо моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

27.07.2026 10:25
54