Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
26 июли соли 2026 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Шамсудинзода Р.Ш., соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Сино дастгир карда шуд.
Номбурда 24 июли соли 2026 тахминан соати 13:10 дақиқа дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Тойота», ки ба шаҳрванд Кастамов Ш.Б., тааллуқ дорад, маблағи 48 ҳазору 320 сомониро дуздидааст.
Ҳамчунин, 25 июли соли 2025 аризаи шаҳрванд Қурбонова З.М., соли таваллудаш 1970, ворид гардид, ки тибқи он шахси номаълум аз дохили ошхона, воқеъ дар ҶДММ «Бозори Кушониён», маблағи 6 ҳазору 500 сомониро дуздидааст.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро шаҳрванд Кавракова Г., соли таваллудаш 2004, содир намудааст.
Аз рӯи ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.
















