Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ошкор ва нисбати гумонбар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
24 июли соли 2025 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳикматов Ҳидоятулло, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдон дастгир карда шуд.
Номбурда тахминан соати 13:00 дақиқа бар асари муноқишаи оилавӣ бо падарарӯсаш Бадиев М.Б., соли таваллудаш 1958, ҷангу муноқиша намуда, бо корд се маротиба ба қафаси синаи ӯ зарба задааст. Дар натиҷа Бадиев М.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати Ҳикматов Ҳ.Н. бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
















