Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан несту нобуд кардани молу мулк

Ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи шаҳрванд Бердиева Ш., соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб ворид гардид, ки 18 июли соли 2026, тахминан соати 14:00, шахсони номаълум анбори манзили истиқоматиашро қасдан оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи сӯхтор молу ашё ва болопӯши анбор дар масоҳати 15 метри мураббаъ пурра осеб дида, ба ҷабрдида ба маблағи 11 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Рустамзода Д., соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб содир намудааст. Вобаста ба ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.

25.07.2026 13:03
52