Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ дар бозори «Панҷшанбе»

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд муайян карда шуд, ки шаҳрванд Холматова Шоира, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Исфисор, ки қаблан соли 2023 бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки гумонбар 2 июли соли 2026, тахминан соати 11:00, дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо роҳи пинҳонӣ аз ҷузвдони шаҳрванд Умарова Ш., 54 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳолат нисбати Холматова Ш., бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

25.07.2026 13:01
44