Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Каримов Бег, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, бо гумони содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 5 июли соли 2026, тахминан соати 06:30, дар ҳолати мастӣ дар долони чойхонаи ба номи «Абубакр» шаҳрванд Қурбонов Д.З., соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбукро мавриди латукӯб қарор додааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, 8 июли соли 2026 дар беморхонаи ноҳияи Восеъ ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Каримов Б., бо моддаи 110 қисми 3 банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.















