Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

23 июли соли 2026, тахминан соати 01:24 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «BYD е2», рақами давлатии бақайдгириаш 9371 ТТ09 Ғаюров Ҳикматулло Раҳматҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи 50-солагӣ, дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Соро-Ойл» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафаров Аваз Исмонович, соли таваллудаш 1986, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо пахш намуда, сипас ба қисми қафои автомашинаи тамғаи «Тайота», рақами давлатии бақайдгириаш 0110 OV 07, ки таҳти идораи шаҳрванд Ташрипов Суҳроб Олимҷонович қарор дошт, бархӯрдааст.
Бар асари садамаи мазкур пиёдагард Сафаров А.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолати мазкур санҷиш идома дошта, сабабу омилҳои рух додани садамаи нақлиётӣ муайян карда мешавад.

24.07.2026 9:48
68