Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кирдори шаҳрванд Шарипов Н.М., соли таваллудаш 1988, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро ошкор намуданд.
Номбурда бо мақсади анҷом додани додугирифти ғайриқонунии асъори хориҷӣ тавассути писари ноболиғаш ба шаҳрванд Қ.Н., 10 ҳазор доллари ИМА-ро ба маблағи 92 ҳазору 700 сомонӣ фурӯхтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома дошта, ба кирдорҳои гумонбаршаванда баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.
















