Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасарруфи молу мулки бо тартиби лизингӣ гирифташуда 

Нисбати шаҳрванд Бобоев Ш.С., соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони тасарруфи молу мулки бо тартиби лизингӣ гирифташуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Номбурда 26 феврали соли 2025 бо ҶДММ «Инвест Лизинг»-и шаҳри Душанбе шартномаи лизингӣ ба имзо расонида, як адад автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман Х3000», соли барориши 2025-ро ба маблағи 56 ҳазор доллари ИМА дастрас намудааст. Мувофиқи шартнома ӯ уҳдадор буд, ки маблағи воситаи нақлиётро дар давоми 18 моҳ ҳар моҳ ба андозаи 27 ҳазор сомонӣ пардохт намояд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда танҳо маблағи ду моҳи аввалро пардохт намуда, минбаъд аз иҷрои уҳдадориҳои шартнома саркашӣ кардааст. Ҳамзамон, ӯ воситаи нақлиётро бидуни ба қайди давлатӣ гузоштан, бе иҷозати ширкати лизингӣ ва дар ҳоле ки ҳуқуқи пурраи ихтиёрдорӣ надошт, қисмҳои эҳтиётии онро ба фурӯш бароварда, маблағи бадастомадаро ба манфиати шахсии худ истифода бурдааст.
Тафтишот дар ин самт идома дорад.

24.07.2026 9:42
46