Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд–Чанок боиси ҳалокати ронанда гардид
22 июли соли 2026, тахминан соати 17:55, дар шоҳроҳи автомобилгарди «Душанбе–Хуҷанд–Чанок» садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Муҳамадиев Аслиддин Хуршедович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷаи садама ронанда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














