Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

Ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи шаҳрванд Хоҷаев Р., соли таваллудаш 1973, ворид гардидааст, ки 18 июли соли 2026, тахминан соати 13:30, шахси номаълум аз таваққуфгоҳи бозори «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат автомашинаи шахсии ӯ, тамғаи «Мерседес»-ро ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муайян намуданд, ки ин кирдорро Мирзоев М.М.,, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Ваҳдат содир кардааст.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дошта, ҳолатҳои дигари вобаста ба ин қазия  муайян карда мешаванд.

23.07.2026 10:04
33