Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир шудани сокини Шаҳритус бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бобоқулзода Назар, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳритусро бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ дастгир намуданд.
Гумонбар аз моҳи апрели соли 2023 то моҳи сентябри соли 2025 шаҳрванд Қ.Н., соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Шаҳритусро ғайриқонунӣ дар манзили истиқоматиаш нигоҳ доштааст. Гуфта мешавад, ки ӯ бо истифода аз зӯроварӣ ва таҳдиди маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷабрдидаро мавриди муносибати бераҳмона қарор дода, маҷбуран ба корҳои хонаводагӣ ҷалб кардааст.
Вобаста ба ин нисбати Бобоқулзода Назар бо қисми 3 моддаи 131 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

23.07.2026 9:59
58