Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар Хуҷанд

Кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шарипов Иноятулло, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Деваштичро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Гумонбар бо як нафар ҷавонзан соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Шаҳринав, муноқиша намуда, бо истифода аз корд ба бадани ҷабрдида 4 маротиба зарба задааст. Ҳодисаи ҷиноят 21 июли соли 2026, тахминан соати 15:00, дар боғи «Ботаникӣ»-и шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, барои табобат дар беморхона бистарӣ шудааст.
Вобаста ба ҷинояти мазкур нисбати Шарипов Иноятулло бо қисми 2 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

23.07.2026 9:57
70