Садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Данғара
Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ, ки шаби 20 июли соли 2026 дар шоҳроҳи Данғара–Бохтар, дар ҳудуди деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара рух дод, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Ласетӣ» Маҳмадалиев Субҳиддин Қуваталиевич, соли таваллудаш 2000, бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ронанда ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷаи ин садама ду мусофири автомашина низ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















